Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна», риёсати ҷумҳурии Лубнон эълом кард, ки Ҷозеф Аун бо муносибати имзои созиши чаҳорчӯбӣ, як тамоси телефонӣ аз Доналд Трамп, ҳамтои амрикоии худ гирифт.
Тибқи эъломияи риёсати ҷумҳурии Лубнон, Аун дар ин гуфтугӯ таъкид кард, ки ҳукумати Лубнон масъулияти иҷрои моддаҳои созишро бар ӯҳда хоҳад гирифт.
Аун изҳори умед кард, ки Амрико дар пешгирии ҳар гуна вайронкунии созиш ва таъмини иҷрои пурраи уҳдадориҳо нақш офаринад.
Тибқи ин гузориш, Аун аз Трамп хост, ки Вашингтон ба Исроил барои хориҷ шудан аз заминҳои ишғолӣ дар ҷануби Лубнон фишор орад.
Риёсати ҷумҳурии Лубнон илова кард, ки Аун инчунин аз Трамп ба хотири дастгирии ӯ аз Лубнон, ҳукмронии қонун ва ниҳодҳои асосӣ ва амниятии ин кишвар сипосгузорӣ кардааст.
Ин ниҳоди лубнонӣ илова кард, ки дар ин тамоси телефонӣ, Трамп низ ба Аун гуфт, ки Амрико аз иқтисоди Лубнон ва нерӯҳои амниятии қонунии ин кишвар дастгирӣ хоҳад кард.
Тибқи ин гузориш, Трамп даъво кард, ки кишвари ӯ аз ҳеҷ кӯшише барои дастгирии ҳокимияти Лубнон ва густариши ҳокимияти давлат тавассути нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дариғ нахоҳад кард.
Your Comment